Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эбола ба як табиби Нигерия сироят кардааст


Мақомоти Нигерия гуфтанд, собит шуд, ки як нафари дигар дар Лагос дуввумин шаҳри бузурги кишвар ба бемории кушандаи эбола гирифтор шудааст. Мақомоти беҳдоштӣ рӯзи 4-уми август гуфтанд, беморӣ ба табибе сироят кардааст, ки ҳафтаи гузашта як мубталои эболаро табобат кард. Ин нафар дар Либерия ба беморӣ гирифтор шудааст. Нигерия кишвари чаҳорум шуд, ки мавриди гирифторӣ ба эбола дар он дида мешавад. Ин беморӣ моҳи феврал дар Ғарби Африқо хуруҷ кард ва аз Гвинея ба Сйера Леон ва сипас ба Либерия гузашт. Ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ин беморӣ то рӯзи 4-уми август 887 нафарро куштааст. Эбола яке аз хатарноктарин беморӣ дар ҷаҳон аст ва то 90 дар сади гирифторонашро мекушад.

XS
SM
MD
LG