Пайвандҳои дастрасӣ

Сарбозони украинӣ ба хоки Русия ворид шудаанд


Матбуоти Русия рӯзи 4-уми август гузориш дод, ки бештар аз 400 сарбози Украина аз ҷанг бо ҷудоихоҳони тарафдори Русия худдорӣ карда ва ба қаламрави Русия ворид шудаанд. Артиши Украина гуфт, дар воқеъ теъдоде аз сарбозон марзи Русияро убур кардаанд, вале гуфт, хабарҳо дар бораи дархости паноҳандагӣ кардани онҳо дурӯғ аст. Василий Малаев, як мақоми баландпояи ФСБ, Хадамоти федероли амнияти Русия, ба расонаҳои кишвараш гуфт, барои 438 сарбози украинӣ, ки иҷозаи вуруд ба хоки Русия хостанд, “як гузаргоҳи башарӣ” боз карданд. Бино ба гузоришҳо, ин сарбозон баъд аз тамом шудани захираи аслиҳа ва дар муҳосираи ҷудоихоҳон монданашон ба Русия рафтаанд. Ба гуфтаи Василий Малаев, 180 сарбози украинӣ хостаанд, ки онҳоро ба ватанашон баргардонанд. Айни замон мақомоти Киев рӯзи 4-уми август гуфтанд, ки нерӯҳои давлатӣ шаҳри Ясунуватаро аз дасти ҷудоихоҳони тарафдори Русия дар вилояти Донетск гирифтанд. Ба гуфтаи онҳо дар тӯли 24 соати гузашта 5 сарбози украинӣ кушта шудаанд ва 15 ҳамяроқашон ҷароҳат бардоштанд.

XS
SM
MD
LG