Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз Боку ва Ереван хост, ҷангро бас кунанд


Дар пайи задухӯрдҳои хунини нерӯҳои Арманистону Озарбойҷон дар Вилояти Кӯҳистони Қаробоғ, Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал аз ду тараф хост, созиши оташбасро риоят кунанд. Бан Ки Мун дар як баёнияи катбӣ рӯзи 4-уми август гуфт, аз талошҳои Гурӯҳи Мински Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои фурӯ нишондани танишҳо дар Қарабоғ ҳимоят мекунад. Вазорати дифоъи Озарбойҷон гуфт, дар ҷанг бо нерӯҳои арманӣ дар “хати назорат” дар ин вилояти ҷудоихоҳ 15 сарбози он кишвар кушта шуданд. Мақомоти Кӯҳистони Қаробоғ гуфтанд, ки 5 сарбози арманӣ дар ин ҷангҳо талаф ёфтаанд. Ҷудоихоҳони арманӣ, ки аз тарафи Арманистон дастгирӣ мешаванд, баъд аз ҷанг бо Озарбойҷон дар аввали солҳои 90-ум ин вилояти умдатан арманишини Озарбойҷонро тасарруф карданд.

XS
SM
MD
LG