Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” рӯзи 4 август дар бораи талошаш барои забти қаламрави ҳарчӣ бештари шимоли Ироқ изҳорот нашр кард.

Аъзои ин гурӯҳ , ки қаблан “Давлатии исломии Ироқ ва Шом” ё ДИИШ ном дошт, гуфтанд, дар набард бо нерӯҳои Пешмаргаи курд даҳҳо нафарро асир гирифтаанд.

Рӯзи якшанбе “Давлати исломӣ” шаҳри Санҷор ва ду шаҳри хурди воқеъ дар шимоли Ироқро таҳти тасарруф қарор дод ва мусаллаҳони гурӯҳ инро бузургтарин дастоварди худ дар ду моҳи ахир хондаанд. Бар пояи хабарҳо, даҳҳо ҳазор нафар, аз ҷумла, изадиҳо, намоядагони як мазҳаби наздик ба дини зардӯштӣ, шаҳри Санҷорро тарк намуданд. Хабаргузориҳо ҳамчунин навиштанд, даҳҳо изадиҳо, ки аз талаби ситезаҷӯён гаравидан ба дини ислом сарпечӣ кардаанд, аз сӯи мусаллаҳони “Давлати исломӣ” эъдом шуданд. Изадиҳо ҳушдор гирифтаанд, ки ё ба ислом пайванданд ё андоз пардозанд, дар акси ҳол эъдом хоҳанд шуд.

Алиризо Нуризода, таҳлилгари масоили Ховари Миёна дар Лондон, дар як

Тазоҳуроти изадиҳо дар Санҷор

Тазоҳуроти изадиҳо дар Санҷор

сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки вазъи бавуқӯъпайваста, ба вижа, барои курдҳо басо нигаронкунанда аст. Аз ин пеш, баъди вуруди мусаллаҳони ДИИШ ба Мавсил, курдҳо аз густариши ҳамлаи ин гурӯҳ ҷилавгирӣ карда буданд ва аммо акнун аз даст додани Санҷор барои онҳо хело талх аст. Рӯзи 4 август Иттиҳоди Ватанӣ таҳти раёсати Ҷалоли Толибонӣ бо пахши як изҳорот ҷангиёни нерӯҳои Пешмаргаро барои фирор аз майдони набард бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” маломат кард. Дар изҳорот омадааст, ин нерӯҳо, ки қаблан дар баробари артиши Саддом Ҳусейн ақиб нанишаста буданд, ба ҳамлаи чанд ҳазор “ҷангҷӯи побараҳнаи тундрав” тоб наоварданд.

Алиризо Нуризода мегӯяд, ки хабари таҳти тасарруфи “Давлати исломӣ” қарор гирифтани се шаҳри курднишин барои нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ метавонад ду паёмад дошта бошад, "аз як сӯ ӯ метавонад бигӯяд, ки ин танҳо нуқтаи заъфи ман нест, бубинед курдҳо ҳам натавонистанд ба ситезаҷӯён муқовимати ҷиддӣ кунанд. Аз сӯи дигар, ин ҳаводис шояд ба мухолифини Ал-Моликӣ нерӯ бубахшанд ва дар қудрат мондани нахуствазирро бо масдудтар шудани роҳҳали сиёсии бӯҳрон дар Ироқ рабт диҳанд. Онҳо метавонанд иддао кунанд, ки баъд аз барканории Нурӣ Ал-Моликӣ имкони аз шаҳрҳо берун кардани гурӯҳи “Давлати исломӣ” фароҳам хоҳад шуд”, мегӯяд мусоҳиби мо.

Алиризо Нуризода аз таъқиб шудани изадиҳои муқими шаҳри Санҷор ҳам изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, “изадиҳо дар ҳеҷ давру замон, ба ин гуна мусибат рӯ ба рӯ нашуда буданд ва ҳатто дар давраи Хилофати исломӣ, дар давраи Абосиён касе ба онҳо кор надошт”. Аз нигоҳи ӯ, шояд чунин бархӯрди ситезаҷӯён боиси он шавад, ки ҳама қавму адёни Ироқ алайҳи “Давлати исломӣ” бархезанд.

Тайи чанд моҳи ахир аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ” чанд шаҳри бузурги Ироқ, аз ҷумла, Мовсил ва Тикритро ишғол карданд.

Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, рӯзи 4 август ба нерӯҳои ҳавоии кишвар амр кард, ки ба нерӯҳои “Пешмарга”-и курдҳо дар мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” кӯмак кунанд. Мақомоти Курдистон то ҳол ба ин ибтикори нахуствазир посух надодаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG