Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ал-Моликӣ ба нерӯҳои курд кӯмак пешниҳод кард


Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, рӯзи 4 август ба нерӯҳои ҳавоии кишвар амр кард, ки ба нерӯҳои “пешмарга”-и курдҳо дар мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” кӯмак кунанд. Мақомоти Курдистон то ҳол ба ин ибтикори нахуствазир посух надодаанд.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” рӯзи 4 август дар бораи талошаш барои забти қаламрави ҳарчӣ бештари шимоли Ироқ изҳорот нашр кард. Аъзои ин гурӯҳ, ки қаблан чун “Давлатии исломии Ироқ ва Шом” ё ДИИШ маъруф буд, гуфтанд, дар набард бо нерӯҳои Пешмаргаи курд даҳҳо нафарро асир гирифтаанд.

Рӯзи якшанбе “Давлати исломӣ” шаҳри Санҷор ва ду шаҳри хурди воқеъ дар шимоли Ироқро таҳти тасарруф қарор дод ва мусаллаҳони гурӯҳ инро бузургтарин дастоварди худ дар ду моҳи ахир хондаанд. Бар пояи хабарҳо, даҳҳо ҳазор нафар, аз ҷумла, изадиҳо, намоядагони як мазҳаби наздик ба дини зардӯштӣ, шаҳри Санҷарро тарк намуданд. Хабаргузориҳо навиштанд, даҳҳо изадиҳо, ки аз гаравидан ба ислом сарпечӣ кардаанд, аз сӯи мусаллаҳони “Давлати исломӣ” эъдом шуданд. Изадиҳо ҳушдор гирифтаанд, ки ё ба ислом пайванданд ё андоз пардозанд, дар акси ҳол эъдом хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG