Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни заминларза дар Чин афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни заминларзаи шадид дар ҷанубу шарқи Чин ба 381 нафар расид. Дар ин бора хабаргузории расмии Синхуа иттилоъ дод. Қаблан гуфта мешуд, ки дар ин офати табиӣ 175 нафар ҷон бохтааст. Заминларзаи нерӯяш 6,1 дараҷаи Рихтер дар минтақаи Лудяни вилояти Юннани Чин рӯзи якшанбе рӯй дод. Заминларза дар вилоятҳои ҳамсояи Гуйчжоу ва Сичуна ҳам эҳсос шуд.

Чен Зеҳу, як сокини шаҳри Жаотонг, ки аз ин офат ҷон ба саломат бурдааст, гуфт, "дар дафъаи аввал замин ҳафт ё ҳашт бор ҷунбид. Аввалин чизе, ки ба ёдамон расид, ин буд, ки ин заминларза аст ва ҳама зуд берун шудем. Баилофосила баъди берун шудани мо бино фурӯ рехт.

Бар пояи хабарҳо, ба асари заминларза без аз 12 ҳазор бино хароб шуда, хатти барқ ва хатти робитаи телефонӣ осеби ҷиддӣ дидааст. Дар корҳои наҷотбахшӣ беш аз дувуним ҳазор низомиён ширкат доранд.

Соли 2008 бар асари заминдарзаи мудҳиш дар вилояти Сичунаи Чин даҳҳо ҳазор нафар ба ҳалокат расида буданд.

XS
SM
MD
LG