Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳайати 60 нафараи фарҳангиёни туркман дар Тоҷикистон


Имрӯз, душанбеи 4 август дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад. Масъулони дафтари матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон зимни сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба манзури ширкат дар Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон ба Тоҷикистон ҳайати 60 нафараи аҳли фарҳангу ҳунари Туркманистон, дар раъси вазири фарҳанги Туркманистон ташриф овардааст. Ба гуфтаи ин масъулон, маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон, соати 18.00 имрӯз дар толори Театри опреа ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ба иттилои ин манбаъ, ҳайати Туркманистон муддати се рӯзи оянда ҳунару истеъдоди худро бо баргузории маҳфилу барномаҳои мухталиф ба маърази тамошобини тоҷик гузоранд. Ба ин тартиб қарор аст, ҳайати фарҳангии Туркманистон имрӯз аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуда, раҳбарони ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Туркманистон ба хабарнигорони расонаҳои дохил ва хориҷи кишвар нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд. Ҳамчунин ба иттилои дафтари матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон, намоиши санъати тасвирӣ, аккосӣ ва ҳунарҳои мардумии Туркманистон сурат мегирад, ки беҳтарин мусаввараҳо ва наққошиҳои баргузор мешавад. Масъулони дафтари матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳайати фарҳангӣ ва ҳунарии Туркманистон аз Осорхонаи Миллӣ, осохонаи созҳои мусиқии Гурминҷ Завқибеков, мавзеҳои хушманзараим Варзоб ва Ромит дидан намуда ва дар Боғҳои Парчами Миллӣ, Нишони давлатӣ ва Боғи устод Рӯдакӣ сайру гашт хоҳанд кард. Маросими ихтитоми Рӯзҳои фарҳангии Туркманистон дар Тоҷикистон шоми рӯзи чоршанбеи 6 август бо барномаи ҳунарӣ ва консерти дӯстӣ дар бинои Театри опреа ва балети ба номи Садриддин Айнӣ сурат мегирад. Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки чор соли пеш Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон баргузор шуда буд. Ин маърака аз 22 то 25 сентябр идома ёфта, тайи он ҳунармандони туркман дар Душанбе ва навоҳии Ҳисору Ҷилликӯл барои ҳаводорони фарҳанги туркманӣ силсилаи консертҳо барпо карданд.

XS
SM
MD
LG