Пайвандҳои дастрасӣ

Ёдбуди қурбониёни аввалин набард дар Ҷанги якуми ҷаҳон дар Белгия


Намояндагони 50 кишвари олам рӯзи душанбе, 4 август, дар шаҳри Лиежи минтақаи Валлонияи Белгия ҷамъ омада, аз қурбониёни муҳосираи ин шаҳр дар сад соли пеш ёд оварданд. Задухӯрд миёни Белгия ва Олмон барои шаҳри Лиеж – нахустин набарди артиши Олмон дар ҷанги якуми ҷаҳон буд.

Ҳамзамон бо Валлония маросимҳои ёдбуд дар калисои ҷомеъаи шаҳри Глазгои Шотландия ва аббатгарии Вестминстер ҳам баргузор шуданд. Рӯзи душанбе маросиме дар оромгоҳи низомии шаҳри Монсе, маркази вилояти Энои Белгия низ доир мешавад – дар ин шаҳр низомиёни Бритониё ва Олмон бори аввал баъд аз шурӯи ҷанги якуми ҷаҳон бо ҳам вохӯрда буданд.

Муҳосираи шаҳри Лиеж аз сӯи низомиёни Олмон рӯзи 4 августи соли1914 шурӯъ шуда ва 11 рӯз идома карда буд. Рӯзи 16 август ҳама мавқеъҳои нерӯҳои Белгия ба дасти олмониҳо гузаштанд ва фармондеҳи артиши Белгия генерал Жерар Леман маҷрӯҳ шуда, дар ҳоли беҳушӣ асир уфтод.

XS
SM
MD
LG