Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати шатранҷбозони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ


Шатранҷбозони тоҷик дар Олимпиадаи 41-уми ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Тромсои Норвегия ширкат доранд.

Дар Олимпиадаи 41-уми ҷаҳонии шоҳмот, ки рӯзи 1-уми август дар Тромсои Норвегия шурӯъ шуд, 177 дастаи мардона ва 136 дастаи занона иштирок мекунанд.

Рашид Ҳусейнов, муовини раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ ба ҳайати дастаи мардонаи кишвар гроссмейстер ё бузургустод Фаррух Амонатов, устодони байналмилалӣ Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Ҷамшед Исоев, Сӯҳроб Ҳамдамов, инчунин шатранҷбози ҷавон Амин Қобилов ва ба ҳайати дастаи занона Марворид Насриддинзода, Надежда ва Лидия Антоноваҳо, Мутрибаи Илҳом ва Саодат Одинаева дохиланд.

Дар сабқати мардон шатранҷбозони тоҷик дар даври аввал бар тими Камерун бо ҳисоби 4-0 ғолиб омада, дар даври дувум аз тими Исроил бо ҳисоби 0,5-3,5 мағлуб гаштанд.

Дар сабқати занон мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин даври мусобиқа аз тими Нидерланд бо ҳисоби 0,5:3,5 шикаст хӯрд ва дар даври дувум тдастаи Ҷазоири Антили Нидерландро бо ҳисоби 3,5:0,5 мағлуб кард.

Баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа дар сабқати мардон 36 даста ва дар сабқати занон 32 даста 4-имтиёзӣ гирифтаанд. Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Норвегия то рӯзи 14-уми август идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG