Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозии санҷишии мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаи «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 0-0 анҷом ёфт.

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагиаш ба бозии дӯстона бо мунтахаби Малайзия рӯзи 3-юми август бо дастаи «Хайр»-и Ваҳдат бозии санҷишӣ анҷом дод. Ин бозӣ, ки дар урдугоҳи Академияи футболи «Истиқлол», дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор баргузор шуд, бидуни гол ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон бо чунин ҳайат бозиро шурӯъ кард: Алишер Тӯйчиев, Сиёвуш Асроров, Наим Улмасов, Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев, Фарҳод Тоҳиров, Аҳтам Ҳамроқулов.

Инҳо дар ҷараёни бозӣ ҳамдастаҳояшонро иваз карданд: Алишер Додов, Аҳтам Назаров, Соҳиб Саванқулов, Ромиш Ҷалилов, Умедҷон Шарифов, Иброҳим Рабимов, Амирбек Ҷӯрабоев, Фаридун Шарифов, Нозим Бобоҷонов, Комил Саидов, Ҷаҳонгир Эргашев.

Бегоҳи имрӯз, 4-уми август, мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тамрин мекунад.

Ёдовар мешавем, ки бозии дӯстона байни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Малайзия 8-уми август дар Душанбе баргузор мешавад. Довари FIFA Александр Алиеви 27-сола аз шаҳри Алмаатои Қазоқистон сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ба ӯ ёварони довари FIFA Сергей Васютини 27-сола ва Самад Тергеусизови 28-сола (ҳарду аз Алмаато) ба ҳайси доварони марзи майдон кӯмак хоҳанд кард.

Дарвоқеъ, ин гурӯҳи ҳакамон 4-уми майи соли равон дар Душанбе бозии дӯстонаи Тоҷикистону Афғонистонро, ки бо ҳисоби 1-0 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфта буд, доварӣ кардаанд.

Бояд гуфт, ки ин аввалин бозӣ байни тимҳои миллии Тоҷикистону Малайзия ба шумор меравад. Дар айни ҳол дар рейтинг ё феҳристи ФИФА мунтахаби Тоҷикистон дар мақоми 124-ум ва Малайзия дар мақоми 151-ум қарор доранд.

Бозии санҷишӣ

Мунтахаби Тоҷикистон - «Хайр» - 0:0

Мунтахаби Тоҷикистон: Алишер Тӯйчиев (Алишер Додов, 46), Сиёвуш Асроров (Аҳтам Назаров, 46), Наим Улмасов (Соҳиб Саванқулов, 46), Эраҷ Раҷабов (Иброҳим Рабимов, 46), Ҷаҳонгир Ҷалилов (Ромиш Ҷалилов, 46), Нуриддин Давронов (Умедҷон Шарифов, 46), Хуршед Маҳмудов (Амирбек Ҷӯрабоев, 46), Фатҳулло Фатхҳуллоев (Фаридун Шарифов, 46), Дилшод Восиев (Нозим Бобоҷонов, 46), Фарҳод Тоҳиров (Комил Саидов, 46), Аҳтам Ҳамроқулов (Ҷаҳонгир Эргашев, 46).

«Хайр» (Ваҳдат): Анатолий Старушенко, Далер Шарифов, Баҳодур Шарифов, Менсаҳ Даниэл Абан, Идибек Ҳабибуллоев, Маҳмадалӣ Содиқов, Бебей Кингли Поул, Айдох Наполеон (Фирӯз Шамсиев, 67), Азим Юнусзода (Мӯҳсинҷон Парпиев, 46), Алишер Улмасов, Ҳусейни Сӯҳробӣ (Мирзобек Мирзоев, 79).

Огоҳонида шуданд: Хуршед Маҳмудов (мунтахаби Тоҷикистон), Мӯҳсинҷон Парпиев, Маҳмадалӣ Содиқов («Хайр»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

3-юми август. Ҳисор. Варзишгоҳи Академияи КФ «Истиқлол».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG