Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Покистон боз як сӯфии маъруф кушта шуд


Таркиши бомб дар наздикиҳои шаҳри Дараи Исмоил Хон, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, мунҷар ба ҳалокати як рӯҳонии маъруфи тасаввуф ва ду муҳофизи ӯ шуд. Хабаргузории Рейтер менависад, ин ҳодиса, рӯзи 4 август дар ҳоле рӯй дод, ки сӯфии маъруф Фақир Ҷамшед дар як макони муқаддаси сӯфиҳо дар канори Дараи Исмоил Хон бо муридонаш гуфтугӯ мекард. Аммо расонаҳои чопи Покистон хабар доданд, ки рӯҳонии маъруф ва муҳофизонаш бар асари таркиши мошинашон аз минаи рӯироҳӣ ҷон бохтаанд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст, аммо Исломобод ангушти иттиҳом сӯи ифротгароёни ҷунбиши “Толибон” намуд, ки тасаввуф ва пайравони онро барои дини ислом “бегона” мехонанд ва солҳои ахир даҳҳо бор ба хонақоҳу мавзеъҳои муқаддаси сӯфиҳо ҳамла кардаанд.

XS
SM
MD
LG