Пайвандҳои дастрасӣ

Киев ба хоки Русия гузаштани низомиёнашро тасдиқ кард


Мақомоти Украина рӯзи 4 август ба қаламрави Русия гузаштани низомиёни бригадаи 72-юми артиши кишварро тасдиқ карданд. Алексей Дмитрашковский, намояндаи амалиёти зиддитеррор дар шарқи Украина, рӯзи душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки дар як набард бо ҷудоихоҳон сарбозони украинӣ бетир монданд ва маҷбур шуданд, ки ба қаламрави Русия ақибнишинӣ кунанд. Теъдоди низомиёни украинӣ дар қаламрави Русия мушаххас карда мешавад.

Аз ин пеш Раёсати марзбонии Хадамоти федеролии амнияти Русия хабар дод, ки беш аз 400 афсару сарбози украинӣ ба қаламрави Русия гузашта, хостори паноҳандагӣ шуданд. Василий Малаев, раиси дафтари матбуоти раёсати марзбонӣ дар вилояти Ростов гуфт, ки сарбозони украинӣ ба постгоҳи “Мамаев курган” интиқол меёбанд ва он ҷо ба ҷониби Украина супурда мешаванд.

Ба иттилои Алексей Дмитрашковский, шабонарӯзи гузашта мавқеъҳои низомиёни кишвар дар вилояти Луҳанск шаш бор тирборон шуданд. Ба нафаре аз афсару сарбозон осеб нарасидааст.

XS
SM
MD
LG