Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати фармондеҳи "Ҷиҳоди исломӣ" дар ҳамлаи ҳавоии Исроил


Бар асари ҳамлаи ҳавопаймои исроилӣ як фармондеҳи гурӯҳи “Ҷиҳоди исломӣ” кушта шуд. Ин ҳодиса субҳи рӯзи душанбе, 4 август, қабл аз шурӯи оташбаси ҳафтсоата миёни Исроил ва гурӯҳи ҲАМОС ба вуқӯъ пайваст. Ба навиштаи хабаргузориҳо, Даниэл Мансур, фармондеҳи “Ҷиҳоди исломӣ”, гурӯҳи наздик ба ҲАМОС, дар манзилаш воқеъ дар шимоли навори Ғазза мавриди ҳамла қарор гирифт.

Артиши Исроил даъват кард, ки "оташбаси башарӣ" аз соати 9 –и субҳи рӯзи 4 август шурӯъ шавад. Аммо ин оташбас ба бархе манотиқ, аз ҷумла, ба шаҳри Рафаҳ, ки амалиёти нерӯҳои исроилӣ идома дорад, дахл нахоҳад дошт. Ба низомиёни исроилӣ амр шудааст, ки дар ҳоли муқовимат аз сӯи фаластиниҳо амалиётро аз сар бигиранд.

Бар асари амалиёти Исроил дар навори Ғазза, ки 28 рӯз пеш оғоз ёфта буд, беш аз 1700 фаластинӣ, асосан, сокинони осоишта ва занону кӯдакон ба ҳалокат расиданд. Дар задухӯрдҳо 64 афсару сарбози исроилӣ ва се сокини осоиштаи Исроилӣ ҳам кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG