Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ошкор шудани шабакаи қочоқи маводи мухаддир


Кормандони Оҷонсии зидди фасод дар якҷоягӣ бо намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон як шабакаи фаъоли қочоқи маводи мухаддирро бо беш аз 40 кило ҳероин ошкор кардаанд. Наҷмиддин Сайфуллоев, муфаттиши Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон рӯзи 4 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки шабакаи қочоқи маводи мухаддир рӯи хатти Афғонистон-Фархор-Душанбе замоне ошкор шуд, ки дар гурӯҳи зудамали Хадамоти гумрук ва Оҷонсӣ дар истгоҳи саҳни беморхонаи Қарияи болои пойтахт Муҳаммаднаим валади Азим бо 40 килову 60 грам «ҳероин» 20 июн боздошт шуд. Муҳаммаднаим валади Азим ноогоҳона аз амалиёти пешакии кормандони зудамали Хадамоти гумрук, ҳини 40 кило ҳероинро дар истгоҳи беморхонаи Қарияи Боло ба худи кормандони гумрук фурухтан, боздошт мешавад.

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, зимни таҳқиқи пешакӣ рӯшан шуд, ки Муҳаммаднаим валади Азим ҳероинро аз шаҳрванди дигари Афғонистон Аҳмадшоҳ валади Абдунабӣ, ки бо лақаби «Раис» маъруф аст ва феълан дар Афғонистон ҳузур дорад, бо роҳи қочоқ ба сокинони ноҳияи Фархор интиқол додааст. Ҷаноби Сайфуллоев меафзояд, мувофиқи тафтишоти пешакӣ, сокинони ноҳияи Фархор Идибек Сабзаев, Насимҷон Тешаев ва Қурбоналӣ Сангов бо мошни «Опел- Астра» 40 кило ҳероинро бо дастрас кардани 4000 доллар ба Душанбе оварда, пинҳонгоҳро ба Муҳаммаднаим валади Азим ошкор мекунанд. Вале бар асоси амалиёти мақомоти Оҷонсии зидди фасод ва Хадамоти гумрук, Муҳаммаднаим валади Азим боздошт шуда, сокинони ноҳияи Фархор низ аз тарафи муфаттишони Оҷонсӣ дастгир карда шудаанд, ки феълан тафтишоти пешакӣ идома дорад. Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ки феълан ҷои зисти «Раис» -- интиқолдқиҳандаи аслии «ҳероин» мушаххас шудааст, ки ӯ Аҳмадшоҳ валади Абдунабӣ сокинони вилояти Тахори Афғонистон ва соли тавалудаш 02 02 1976 мебошад.

XS
SM
MD
LG