Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев сармураббии «Далерон-Ӯротеппа» шуд


Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев.

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, мураббии маъруфи тоҷик, ба вазифаи сармураббии дастаи «Далерон -Ӯротеппа»-и Истаравшан таъин шудааст.

Мутахассиси 49-солаи тоҷик Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, ки таҳти раҳбарии ӯ дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ҳафт бор қаҳрамони Тоҷикистон ва се бор барандаи Ҷоми раиси АФК гардидааст, сармураббии тими нави лигаи олии футболи Тоҷикистон – «Далерон – Ӯротеппа»-и Истаравшан таъин гардид.

Вай аз соли 2001 то июни соли 2013 сармураббии «Регар-ТадАЗ» буд. Вале баъди анҷоми давраи аввали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2013 Ҳабибуллоев ба иллати беморӣ аз вазифааш даст кашид. Баъдан ӯ сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) буд ва дар ин вазифа ҳамагӣ чаҳор моҳ кор кардааст. Пас аз нокомии мунтахаби ҷавонони кишвар дар Ҷоми Иттиҳод-2014 дар Санкт-Петербург ӯ аз вазифааш барканор шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, ки ба вазифаи наваш рӯзи панҷшанбе шурӯъ кардааст, «Далерон – Ӯротеппа»-ро ба давраи дувуми мусобиқаи қаҳрамонии кишвар омода месозад. Дарвоқеъ, «Далерон – Ӯротеппа» баъди анҷоми бозиҳои давраи аввали мусобиқа дар ҷадвал бо 12 имтиёз дар байни 10 даста дар ҷойи ҳафтум қарор дорад.

Ёдовар мешавем, Аҳлиддин Турдиев, ки моҳи феврали соли равон ба вазифаи сармураббии «Далерон-Ӯротеппа» таъин шуда буд, аз вазифааш охири моҳи май истеъфо додааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG