Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиносон кори худро дар шарқи Украина идома медиҳанд


Коршиносони байналмиллалӣ бо ёрии сагҳои бӯгир дар маҳали суқути ҳавопаймои ширкати Малайзия боқимондаҳои ҷасади қурбониёнро пайдо кардаанд. Питер Яап Алберсберг-раҳбари ҳайати байналмиллалии ҷустуҷӯ мегӯяд, ки 70 нафар бозрасон аз Австралия ва Ҳолланд бо вуҷуди даргириҳои миёни ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия ва нируҳои Украина дар шарқи ин кишвар фаъолиятъи худро идома медиҳанд.

Ҷасадҳои ошкоршуда бо мошинҳои дорои яхдон аз маҳали ҳодиса ба шаҳри Харков ва аз он ҷо ба Ҳолланд фиристода мешаванд. То ҳол бештар аз 220 ҷасад фиристода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Андрей Лисенко-сухангӯи Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украина иддао кардааст, ки нируҳои ҳукуматӣ ду шаҳраки аслиро дар шарқи Украина ба назорати худ даровардаанд.

Андрей Лисенко дар Киев гуфт, ки нируҳо шаҳракҳои Красноҳоровка ва Старомихайливкаро дар наздикиҳои шаҳри Донетск аз аз ҷудоихоҳон гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG