Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯришиёни Сурия ба шаҳраки марзии Лубнон шабехун заданд


Мақомоти низомии Лубнон мегӯянд, ки шӯришиёни Сурия ба як шаҳраки марзии Лубнон ҳамла бурдаанд ва 8 нафар аз нируҳои амниятиро ба қатл расондаанд. Чанд нафари дигарро низ рабудаанд. Афроди Ал Қоида, ки ба ҷабҳаи Нусра тааллуқ доранд, дар Арсол маркази пулисро муддате забт кардаанд. Дар Арсол ҳазорон нафар паноҳҷӯёни ҷангҳои Сурия ба сар мебаранд.

Бино ба гузоришҳо, дар даргириҳои миёни нируҳои амниятӣ ва шӯришиён ду нафар аз сокинон низ кушта шудаанд. Ин даргириҳо 2 август рух додааст.

Сухангӯи ҷабҳаи Нусра мегӯяд, гурӯҳи шӯришиён талаб кардаанд, ки яке аз раҳбарони онҳо раҳо карда шавад. Вайро пештар дар ҳамин шаҳрак боздошт карда буданд.

XS
SM
MD
LG