Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Озарбойҷон аз маҳофили байналмиллалӣ


Вазорати корҳои хориҷаи Озарбойҷон 3 август дар эъломияе аз маҳофили байналмиллалӣ хостааст, ки бар зидди Арманистон “таҳримҳои ҷиддӣ эълон кунад”.

Як рӯз пеш вазорати дифои Озарбойҷон гуфт, ки 4 нафар аз нируҳои онҳо субҳи 2 август дар наздикии минтақаи ҷудоихоҳи Қарабоғи Кӯҳистонӣ кушта шудаанд. Вазорат дар эъломияи худ гуфтааст, ки ин 4 нафар дар задухӯрд бо “гурӯҳи харобкори арманӣ” дар минтақаи Агдам Тертер кушта шудаанд.

Бар асоси гузориш ҷониби Озарбойҷон ин ҳамларо баргардонидааст.

Аз сӯи дигар, мақомоти Қарабоғи Кӯҳистонӣ 2 август гуфтаанд, ки 9 нафар сарбозони озариро ба қатл расондаанд ва худашон як сарбозро талаф додаанд. Рӯзҳои охир табодули оташ миёни нируҳои Арманистон ва Озарбойҷон зуд-зуд рух медиҳад.

1 август Амрико аз ҳар ду ҷониб дархост кард, ки барои расидан ба оташбас ва коҳиши ташаннуҷи вазъ тадбирҳои фаврӣ андешанд ва оташбасро риоят кунанд.

XS
SM
MD
LG