Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Узбакистон 1 август хадамоти интернетии телефонӣ ва фиристодани паёмҳои телефониро дар саросари кишвар қатъ карданд, то бад-ин васила аз дахолат ба имтиҳонҳои вурудии донишгоҳҳо пешгирӣ кунанд.

Фароҳамкунандагони аслии хадамоти телефонӣ иртиботи интернетӣ ва фиристодани паёмакҳоро аз соати 8:30 дақиқа то соати 13:30 диқақа бастанд ва эълон карданд, ки ба таври фаврӣ шабакаҳои мухобиротӣ ба таъмир ниёз доранд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ мегӯянд, ки пулис довталабонро ҳангоми вуруд ба имтиҳонҳо саропо тафтиш кардааст, то онҳо телефон ва ё маводи иловагии кӯмак ба имтиҳонҳоро бо худ надошта бошанд.

Дар остонаи имтиҳонҳои қабул рӯзҳои охир дар мағозаҳои шаҳри Тошканд баъзе навиштаҳо пайдо шуда буд, ки дар онҳо гуфта мешавад: “Ба имтиҳон танҳо бо худкор ё қалам ворид шав”, “Вақти истифода аз телефон тамом шуд, барои гирифтани баҳо дар имтиҳон каллаатро кор фармо”.

XS
SM
MD
LG