Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиносон дар маҳали суқути ҳавопаймо кор мекунанд


Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо мегӯяд, ки 2 август коршиносони байналмиллалӣ дар минтақаи суқути ҳавопраймои ширкати Малайзия дар шарқи Украина корро идома доданд. Ин минтақа дар контроли ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия қарор дорад.

Дар изҳороте намояндагии САҲА дар Украина гуфтааст, ки 70 нафар коршиносони Ҳолланд ва Австралия бо 8 нозири САҲА дар маҳали суқути ҳавопаймо кор мекунанд.

Коршиносон бо худ сагҳои машқдидаро оварданд то онҳо боқимондаи ҷасади қурбониёни ҳавопайморо кашф кунанд. Ин ҳавопаймо 17 август суқут кард ва 298 нафар қурбон шуданд.

Коршиносон 1 август кор дар маҳали суқутро оғоз карданд ва интизор меравад, ки дар чанд ҷой ҷустуҷӯйро идома диҳанд.

XS
SM
MD
LG