Пайвандҳои дастрасӣ

Марде, ки тоқии тоҷикӣ мепӯшиду бо даст палав мехӯрд


Сергей Михаилович Амосов.

Сергей Михаилович Амосов.

Муовини раиси Додгоҳи Олии Ҳакамии Русия мегӯяд, Тоҷикистонро дӯст дорад ва онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.

Сергей Михайлович Амосов-муовини раиси Додгоҳи Олии Ҳакамии Русия солҳои кору зиндагиаш дар Тоҷикистонро ба ёд меорад ва мегӯяд, Тоҷикистонро то ҳол дӯст медорад ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, ки чӣ тавр тоқӣ мепӯшид ва бо тоҷикон як ҷо дар атрофи дастархон нишаста, бо даст палав мехӯрданду аз пиёла чой менӯшиданд.

Амосов низ худро муҳоҷири тоҷикистонӣ медонад. Вай баъд аз муҳоҷират аз Тоҷикистон дар соли 1991 дар зинаҳои гуногуни низоми додгоҳии Русия кор кард ва аз соли 2009 то ҳол муовини раиси Додгоҳи Олии Ҳакамии Русия мебошад. Вай баъд аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ихтиёран аз мақоми муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон канор рафт ва ба зодгоҳи худ ба вилояти Иркутск кӯч баст. Дар он ҷо низ дар соҳаи адлия дар мақомҳои гуногуни вилоятӣ кор кард ва аз он ҷо вайро ба мақоми кунуниаш даъват карданд.

Вай дар ин авохир китобе бо номи “Ступени” ба чоп расонд, ки дар он лаҳзаҳое аз кору зиндагиаш ва хотирот аз мардуми Тоҷикистон низ оварда шудааст. Дар мусоҳибае аз Амосов пурсидам, мисли ӯ аз Тоҷикистон одамони зиёде муҳоҷират кардаанд. Муносибати мардуми маҳаллӣ бо онҳо яксон нест. Дар бораи муҳоҷирони тоҷик гоҳо бад мегӯянд. Чаро?

Амосов: Дӯстони тоҷикистонӣ ба зудӣ бо зиндагӣ дар Русия унс мегиранд. Вале мутаассифона гаҳ-гоҳе муносибати сард бо онҳо дида мешавад. Албатта, намунаҳои хуб бештар аст. Мардуми маҳаллӣ бо онҳо бархӯрди самимона доранд. Махсусан бо ононе, ки дар сохтмонҳо кор мекунанд. Вале ҷиҳатҳои манфӣ ҳам ҳаст. Сабаб ин аст, ки баъзеҳо забонро хуб намедонанд. Забони русӣ барои тоҷикон дар марҳилаи кунунӣ даричае ба Аврупо ҳам дониста мешавад. Ман мушоҳида кардаам, ки баъзе муҳоҷирон забони русиро хуб намедонанд ва русзабонҳоро дар мағозаҳо, дар роҳҳо ё дар дар нақлиёт намефаҳманд. Русҳо ба онҳо “механданд” ва онҳо меранҷанд. Дар чунин ҳолатҳои камарзишу ночиз муносибати онҳо нисбат ба якдигар тайғир меёбад”.

Суол: Шумо тамоми умр дар бахши ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ҳифзи қонун кор кардаед. Ба назари шумо қонунҳои муҳоҷиратии Русия барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон комил ҳастанд ва ё ҳанӯз ҳам такмил мехоҳанд?

Амосов: Қонунҳо на танҳо ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти муҳоҷиратро дар бар намегиранд, балки онҳо хуб иҷро намешаванд. Омодагиҳо, майлу хоҳиши раҳбарият ва Хадамоти муҳоҷират мушоҳида мешавад, вале то ба охир иҷро намешавад. Ман худам дар ҷаласаҳои ҳукумати Русия борҳо ширкат доштам. Масалан, дар як ҷаласа дар бораи сохтмони хобгоҳҳо барои муҳоҷирон сӯҳбат карданд. Масъалаеро баррасӣ карданд, ки одамон ба Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия меоянд ва онҳо бояд дар чӣ гуна шароит зиндагӣ кунанд. Таъкид карданд, ки бояд барои онҳо дар чунин хобгоҳҳо шароити муносиби инсонӣ ба вуҷуд овард. Ин масъала дар сатҳи раиси ҷумҳур ва нахуствазир матраҳ шуд. Вале ин баррасиҳо дар ҳамон ҷаласа монд. Намедонам чаро ин масъала иҷро нашуд. Фақат метавонем тахмин занем, ки шояд барои ин кор пул наёфтанд”.

Суол: Барои беҳбуди фаъолияти муҳоҷирон дар Русия чӣ барномаҳоро зарур медонед?

Амосов: Бо минтақаҳои Русия ва бо Тоҷикистон дар бораи масъалаҳои муҳоҷирати корӣ бояд шартномаву қарордодҳо банданд. Дар Русия заминҳои бекорхобида, деҳоти матрук зиёданд. Аз ин заминҳо ҳосили хеле зиёд ба даст овардан мумкин аст. Фақат бояд ба муҳоҷирон иҷоза дод, ко онҳо кишт кунанд ва ҳосилро ба фурӯш гузоранд. Дар миёни тоҷикон ононе ҳастанд, ки дар замин кор карда метавонанд. Бо корҳои кишоварзӣ ошноӣ доранд. Вале забонро бояд донанд, барои он ки дар давоми 25 соли охир Русия хеле тағйир ёфтааст. Ман инро бо чашмони худ мебинам, барои он ки ман аз Тоҷикистон омадаам”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG