Пайвандҳои дастрасӣ

Оташбас миёни Исроил ва ҲАМОС камтар аз ду соат идома кард


Оташбаси 72 соата, ки Исроил ва ҲАМОС дар бораи он дар рӯзи ҷумъа ба созиш расида буданд, пас аз чанд соат шикаст. Оташбас аз соати ҳашти бомдоди рӯзи ҷумъа ба вақти маҳаллӣ шурӯъ шуд, аммо ду соат баъд мақомоти фаластинӣ гуфтанд, ки танкҳои исроилӣ ба Ар-Рафаҳ тирандозӣ карданд, ки дар он дастикам 35 фаластинӣ кушта ва тақрибан 200 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Исроил гуфт, ки амалиёт дар посух ба партоби мушак аз сӯи ҲАМОС аз сар гирифта шуд.

Аз ин пеш Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ва вазири умури хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ дар як изҳорти муштарак гуфта буданд, ки оташбас барои ироаи кӯмаки башариву тиббӣ ва маводи озуқа ба мардуми навори Ғазза ва таъмири муассисаҳои калидӣ дар ин минтақа истифода хоҳад шуд.

Ҳамчунин қарор буд, ки намояндагони Исроил ва ҲАМОС оҷилан ба музокирот дар шаҳри Қоҳира, пойтахти Миср, шурӯъ кунанд. Ҳадафи гуфтушунид – таҳияи шартҳои қатъи низоъ дар навори Ғазза эълон шуда буд.

Навӣ Пиллай, масъули ҳуқуқи башари Созмони Милал, рӯзи 31-уми июл зимни суханронӣ дар шаҳри Женева гуфт, ки дар ҳамлаи Исроил ба урдӯгоҳи паноҳандагони фаластинӣ дар Ҷабалия 16 нафар кушта шуданд. Ба иттилои ӯ, дар ҷанги 24 рӯзаи Ғазза 1364 фаластинӣ кушта шудаанд. Исроил 56 сарбоз ва се ғайринизомиро талаф додааст.

XS
SM
MD
LG