Пайвандҳои дастрасӣ

Коршиносон аз Ҳуланд ва Австралия ба ҷои суқути Боинг омаданд


Тақрибан 70 коршинос аз Ҳуланд ва Австралия рӯзи 1 август ба макони суқути ҳавопаймои Боинг-777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзия дар шарқи Украина омада, ба ҷустуҷӯи ҷасадҳои боқимондаи қурбониёни фоҷиа пардохтанд. Дар изҳороти вазорати адлияи Ҳуланд гуфта шудааст, ки ҷустуҷӯ ҳамзамон дар чанд мавзеъ идома меёбад. Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Австралия Ҷулӣ Билош, дар ҷойи ҳодиса тақрибан 80 ҷасади дигар боқӣ мондааст. То имрӯз тақрибан 200 ҷасади қурбониён ба Ҳуланд интиқол ёфтааст.

Ҳавопаймои Боинг-777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзия рӯзи 17 июл дар қаламрави вилояти Донетски Украина суқут кард. Дар ин ҳодиса ҳамаи 298 мусофир ва аъзои экипаж ба ҳалокат расиданд. 196 нафари онҳо шаҳрвандони Ҳуланд буданд.

XS
SM
MD
LG