Пайвандҳои дастрасӣ

Марги ногаҳонии Саидбухорӣ Маҷидов, раҳбари филармония


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бар ин аст, набоист марги раиси Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба тағйири вазифаи ӯ рабт дода шавад.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз даргузашти ходими ҳунар ва фарҳанги тоҷик Саидбухорӣ Маҷидов изҳори таассуф кард, аммо таъкид намуд, ки марги ӯ набояд ба тағйири вазифааш пайванд дода шавад. Расонаҳои ахбори ом ба он ишора намуданд, ки Маҷидов баъд аз чанд соати барканорияш аз мақоми раиси Филармонияи давлатии Тоҷикистон даргузаштааст. Ҳамзамон гуфта мешавад, Саидбухорӣ Маҷидови 62-сола бемор ҳам набуд ва аз ҷаласаи ахир дар вазорат изҳори нороҳатӣ ҳам накардааст.

Мамаднасим Мадёров, сардори Раёсати ҳунари Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 31-уми июл вақте, ки ҷаноби Маҷидов аз вазифа барканор ва роҳбари гурӯҳи ҳунарии «Базморо» таъин шуд, аз ҷониби вазир ва ҳамкорона мавриди таҳсиону ситоиш қарор гирифт ва барои ба вазифаи нав мансуб шуданаш ба ӯ гулдастаҳо тақдим гашт: «Вай пас аз ҷаласа хеле ҳушёр буд ва ҳато дирӯз ба Филармония рафтанд ва аз он ҷо 6 кӯза гирифта оварда, дар кохи Борбад -- ҷойи кори нави худ гузоштанд, аз саломатии худ ҳеҷ шикоят надоштанд.»

Ин мақоми вазорат гуфт,вақте ки вазири фарҳанг Афзалшоҳ Шодиевро ба ҷои Маҷидов ба кормандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон муаррифӣ кард, низ дар бораи Маҷидов суханҳои нек гуфтааст. Мақомоти Вазорати фарҳанг мегӯянд, бино бар он ки Маҷидов лаёқати хеле хуби созмондиҳӣ дошт, ӯро ба гурӯҳи ҳунарии "Базморо" таъин карданд, то ин дастаро рушд диҳад. Ин сабаби асосии барканории ӯ аз мақоми сардори идораи марказии консертии Тоҷикистон дониста мешавад.

Ҷаноби Мадёров мегӯяд, зиндаёд Саидбухорӣ Маҷидов, ки пас анҷоми рӯзи корӣ ба зодрӯзи наберааш меравад ва вақти ба ошёнаи чаҳорум баромадан, "каме мушкилӣ кашида, дар хона рӯйи диван менишинад, то нафас рост кунад, аммо дигар бархеста наметавонад ва наздиконаш пизишк даъват мекунанд. То омадани пизишкон ӯ дармегузарад."

Субҳи 1-уми август дар манзили зисти Саидбухорӣ Маҷидов, раҳбари пешини Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев ва раҳбари гурӯҳи ҳунарии «Базморо» дар маҳаллаи "Гипрозем"-и Душанбе маросими видоъ баргузор шуд. Пайвандонаш ба нақл аз пизишкон гуфтаанд, ӯ бар асари боло рафтани фишори хун даргузаштааст.

Саидбухорӣ Маҷидов дар соли 2013 аз вазифаи раиси муассисаи давлатии ансамбли рақсии «Лола» ба роҳбарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон вобастаи Вазорати фарҳанг таъин шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG