Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина ҳалокати 14 нафарро дар Шахтерск тасдиқ кард


Вазорати мудофиаи Украина хабар дод, ки субҳи 1 август дар шаҳри Шахтерск, воқеъ дар шарқи кишвар, 14 нафар, аз ҷумла, 10 низомӣ дар бархӯрд бо ҷудоихоҳон кушта шуданд. Намояндаи вазорат Олексий Дмитрашковский хабар дод, ки ҳуввияти дасти кам даҳ сарбоз мушаххас шудааст, сарбоз ё сокини осоишта будани чаҳор ҷасади дигар маълум нест.

Аз ин пеш хабар расида буд, ки дар шаҳри Шахтерск корвони мошинҳои нерӯҳои зудамал ба муҳосираи ҷудоихоҳон уфтод.

Вазорати мудофиа ҳамчунин хабар дод, ки қаблан дар Шахтерск бар асари тирборони ҷудоихоҳон беш аз 20 Афсару сарбози украинӣ кушта шуданд. Шабакаи телевизионии украинии “Громадске ТВ” хабар дод, ки маҷрӯҳонро тавассути чархболҳо ба шаҳри Днепропетровск интиқол медиҳанд.

Шаби ҷумъа мавқеъҳои низомиёни украинӣ дар канори рустои Макарово дар вилояти Луҳанск низ тирборон шуданд. Дмитрий Тимчук, рҳбари Маркази таҳқиқоти низомиву сиёсӣ, дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки низомиёни украинии мустақар дар фурудгоҳи Луҳанск ва дар канори рустоҳои Березовое ва Мариновка ҳам мавриди тирборон аз минометҳо қарор гирифтанд. Тимчук гуфтааст, ки сӯи нерӯҳои украинӣ аз қаламрави Русия оташ кушодаанд. Дар бораи кушташудагону маҷрӯҳон дар ин ҳамлаҳо алҳол иттилое зери даст нест.

XS
SM
MD
LG