Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Саидбухорӣ Маҷидов, раҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод, ки шаби гузашта раҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон Саидбухорӣ Маҷидов бар асари боло рафтани фишори хун даргузаштааст. Вай рӯзи 31 июл аз мақоми раҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон барканор шуда, ба мақоми муовини роҳбари гурӯҳи ҳунарии «Базморо» таъин гашта буд. Дӯстонаш мегӯянд, баъд аз ҷаласаи тағйири вазифа ҷаноби Маҷидов ҳолати хуб надошт. Дар ҷои ӯ овозхони шинохта Афзалшоҳ Шодиев раҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъин гашт. Саидбухорӣ Маҷидов дар соли 2013 аз вазифаи раиси муассисаи давлатии ансамбли рақсии «Лола» ба роҳбарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон вобастаи Вазорати фарҳанг таъин шуда ва то замони муовини раҳбари ансамбли «Базморо» таъин шуданаш дар ин вазифа кор кардааст.

XS
SM
MD
LG