Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенати ИМА номзадии Ҷон Теффтро дар мақоми сафир дар Русия пазируфт


Ҷон Теффт
Ҷон Теффт

Сенати ИМА рӯзи 31 июл Ҷон Теффтро дар мақоми сафири кишвар дар Русия пазируфт. Аз ин пеш рӯзи сешанбе аз номзадии ӯ кумитаи сиёсати берунаи Сенат ҳам пуштибонӣ карда буд. 10 июл раисиҷумҳур Барак Обама ӯро сафири Амрико дар Русия таъин кард.

Ҷон Теффт дар мақоми сафири Амрико Майкл Макфолро иваз мекунад, ки моҳи феврали соли равон ба истеъфо рафта буд.

Сафири нави ИМА дар Маскав 64 сол дорад ва аз ин пеш раҳбари идораҳои дипломатии кишвар дар Украина, Литва ва Гурҷистонро бар ӯҳда дошт. Ӯ дар нимаи дуввуми солҳои 90-ум муовини сафири Амрико дар Маскав буд.

XS
SM
MD
LG