Пайвандҳои дастрасӣ

Медали Искандари Рустам дар мусобиқаи ёдбуди Динмуҳаммад Қунаев


Искандари Рустам, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод дар Қазоқистон медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар мусобиқаи 8-уми байналмилалӣ оид ба гуштии озод ба хотираи Динмуҳаммад Қунаев, ходими машҳури давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки дар шаҳри Тарази Қазоқистон рӯзҳои 25-27 июл баргузор шуд, Искандари Рустам, паҳлавони маъруфи тоҷик, барандаи медали биринҷӣ гардид.

Искандар дар рақобатҳо дар вазни то 97 кг мақоми севумро касб кард. Инчунин Алихон Ҷумъаев аз Қазоқистон дар ҷойи севум қарор гирифт. Ҳарду ба ҷуз медалҳои биринҷӣ, бо ҷоизапулӣ ҳар кадом ба маблағи 1000 доллари ИМА мукофотонида шуданд.

Дар ин вазн Ёрмуҳаммад Инкор аз Қазоқистон ғолиб гашт ва бо медали тиллову 5000 доллар сарфароз гардид. Ба Дато Карашвили (Гурҷистон) барои ҷойи дувум медали нуқра ва 3000 доллар тақдим шуд.

Дар ин мусобиқа гуштигирони 9 кишвар Италия, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Нигерия, Тоҷикистон, Узбакистон, Украина ва Эрон – аз рӯи ҳашт дараҷаи вазнҳо (то 57 кг, 61 кг, 65 кг, 70 кг, 74 кг, 86 кг, 97 кг, беш аз 125 кг) рақобат карданд.

Дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Қазоқистон, ки дар шаш вазн ғолиб шуд, мақоми аввалро азони худ кард. Гуштигирони Муғулистон, ки дар ду вазн медалҳои тилло гирифтанд, дувум шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG