Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзҳои 7-10 август дар Душанбе сабқати байнулмилалии қаҳрамонии таэквондо баргузор мешавад.

Рӯзҳои 7-10-уми август Тоҷикистон мизбони варзишгарони 52 кишвари ҷаҳон хоҳад шуд. Имсол барои нахустин бор чемпионати ҷаҳонии таэквондо дар Душанбе баргузор мешавад, қарор аст дар ин сабқат 600 варзишгар ширкат кунад. Аммо омодагиҳои Тоҷикистон барои қабули ин варзишгарон ва ташкили чунин як сабқати ҷаҳонӣ чӣ гуна аст ва масъулон аз ин бозиҳои чӣ интизориҳое доранд? Ба ин пурсишҳо мо аз Наргис Набиева, камонвари маъруф ва муовини раҳбари Федератсияи Миллии Таэквандо ва Кикбоксинг посух пурсидем.

Наргис Набиева: Албатта, ин чорабинии бонуфузи ҷаҳонӣ бо назардошти чемпионати Осиё, ки соли 2012 оид ба ҳамин намуд дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, ташкил мешавад. Ва албатта, ҳамчунин натиҷаҳои варзишии таэквандочиёни тоҷик, ки дар арсаи байналмиллалӣ хеле баланд аст, боис гашт, ки Тоҷикистон макони баргузории мусобиқаи ҷаҳонии таэквандо интихоб шавад. Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон як нақшаи корӣ оид ба баргузории ин чорабинӣ қабул гардидааст. Кумитаи тадорукот бо сардории муовини сарварзир Марҳабо Ҷабборӣ таъсис ёфт. Ҳамчунин аз ҷониби комисссияи байналмиллалӣ, ки моҳи июн ба Душанбе омад, омодагиҳои Тоҷикистонро ба ташкили мусобиқа санҷид ва ба он баҳои аъло дод. Ин комиссия шурӯъ аз хӯрок, оби ошомиданӣ, назорати пизишкӣ, то ҳуҷраҳои либосивазкуниро дида баромаданд. Ягон эрод надоштанд.

Озодӣ: Дар маҷмӯъ барои чунин омодагӣ чӣ қадар маблағ ҷудо ва сарф шуд?

Наргис Набиева: Албатта, шумо медонед, ки баргузории чунин чорабинӣ маблағи калонро металабад ва аз ҷониби ҳам ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам худи Федератсия беш аз 1 миллион сомонӣ сарф шудааст.

Озодӣ: Рӯшан шудааст, ки сабқат дар куҷо баргузор мешавад ва ҷои зисти меҳмонҳо куҷо хоҳад буд?

Наргис Набиева: Мо аз рӯйи таҷриба Маҷмааи варзишии Кумитаи андозро интихоб кардаем. Бори аввал аст, ки ба Тоҷикистон якбора теъдоди зиёди варзишгарон, беш аз 600 нафар меоянд ва аз ҳама муҳим онҳо наврасанд ва бояд зери назорати қатъӣ бошанд. Ҳамаи ин нозукиҳо ба эътибор гирифта шудааст. Барои ин ҳама ниҳоду вазоратхонаҳое, ки ба масъулияти тартибу бехатариро ба дӯш доранд, ҷалб шудаанд. Варзишгарон дар меҳмонхонаҳои «Авасто», «Пойтахт» ва доварону меҳмонони расмӣ дар меҳмонсарои «Тоҷикистон» ҷо мешаванд.

Озодӣ: Аз Тоҷикистон дар ин сабқат киҳо ширкат хоҳанд кард ва шумо аз онҳо чӣ интизор доред?

Наргис Набиева

Наргис Набиева

Наргис Набиева: Маълум аст, ки давлати мизбони чунин чорабинии бонуфуз бояд сазовори ҷойҳои намоён бошад. Марҳилаҳои омодагии дастаи мунтахаби мо чанд сол аст идома дорад. Имрӯз мо гуфта метавонем, ки дастаи мунтахаби наврасонро 43 варзишгар муаррифӣ мекунанд. Онҳо дар чанд марҳилаи интихобӣ ширкат карданд. Соли 2013 дар чемпионати ҷаҳон дар Булғористон, дар чемпионати Осиё, ки моҳи апрели соли равон дар шаҳри Катмандуи Непал баргузор шуда буд ва албатта марҳилаи сеюми омодагии онҳо дар Оби Гарм гузашт ва 3 рӯз шуд, ки варзишгарон ба хонаҳои худ баргаштанд. Хулоса, фикр мекунам, ки дастаи Тоҷикистон пурра барои ширкат дар ин чорабинии бонуфуз омодааст.

Озодӣ: Гуфтед, ки макони баргузории мусобиқаи ҷаҳонии таэквандо вобаста ба рушди ин навъи варзиш дар он кишвар интихоб мешавад. Яъне дар Тоҷикистон ҳоло ин навъи варзиш рушд кардааст ва таваҷҷӯҳи ҷавонон ба он зиёд аст?

Наргис Набиева: Бале таэквандо ITF имрӯз хеле дар кишвар маъруф аст ва ман фикр мекунам, дастовардҳои варзишгарони мо дар ин навъи варзиш як сабаби аслии зиёд шудани таваҷҷӯҳи наврасону ҷавонон ба он шудааст. Дар доираи Федератсия имрӯз мо ҳам мактаби махсуси кӯдакону наврасон дорем, ки ин ҳам дар рушди таэквандо бисёр муҳим аст, ба кори ин мактаб муттахассисони хуб ҷалб шудаанд. Дар маҷмӯъ 32 чемпиони ҷаҳон дар 20 соли охир омода гаштааст. Айни замон беш аз 3 ҳазор варзишгар дар сабқатҳои кишвар ширкат меварзанд. Боз ҳастанд гурӯҳҳое, ки дар мусобиқаҳо ширкат накардаанд.

Озодӣ: Аммо аз нигоҳи шумо дар ин сабқати ҷаҳонии таэквандо, ки баъд аз чанд рӯз дар Душанбе оғоз меёбад, имкони бурди кадом кишвар бештар аст?

Наргис Набиева: Медонед, варзишгарони тоҷик, агар дар 20 мусобиқаи ҷаҳонӣ ширкат варзида бошанд, қариб дар ҳамаи он ё ғолиб ё ҷоизадор буданд. Бештар ҷоизадор буданд, аммо ғолиби ин намуд ватани ин навъи варзиш Кореяи Шимолӣ аст. Имрӯз ҳам онҳо дархости худро барои ширкат равон кардаанд ва рақобат дар дасти онҳост. Аз Русия, Украина, Қазоқистон варзишгарони зиёд меоянд ва агар ба рӯйхати ин давлатҳо нигаред, бисёри кӯдакону шаҳрвандони мо дар бораи ин давлатҳо тасаввурот надоранд. Гуфтан мехоҳам, ки рақиби аслӣ барои варзишгарони тоҷик, Кореяи Шимолӣ, Русия ва Қазоқистон хоҳад буд. Дар зимн, Тоҷикистонро беҳтаринҳо -- Маҳмадшариф Муродзода, Ширинбону Набиева, Гулрӯ ва Гулноз Ҳоҷиеваҳо, ки чемпиони ҷаҳонанд, муаррифӣ хоҳанд кард.

Озодӣ: Яъне духтарон ҳам зиёданд аз Тоҷикистон дар ин сабқат?

Наргис Набиева: Бале, дар ин сабқати ҷаҳонӣ духтарон 20 нафаранд.

Озодӣ: Мегӯянд, Шумо махсус барои баргузории ин сабқати ҷаҳонӣ ба Федератсияи Милии Таэквандо омадед, барои як камонвар шуғл дар намуди дигари варзиш, яъне таэквандо мушкил нест?

Наргис Набиева: Мушкил нест, чун ман ҳам иштирокчии чандинкаратаи сабқатҳои ҷаҳонӣ ҳастам ва ман муҳим будани чунин чорабинии варзиширо мефаҳмам. Раиси Федератсия ҳам ба ман занг зада гуфтанд, чунин як чорабинӣ дар назар ҳасту шумо омода ҳастед бо мо кор кунед? Ман зуд розӣ шудам. Ин чоруми март буд ва ман аз рӯзи аввали корӣ шурӯъ кардам ба гуфтушунид бо чанд ширкат барои омодагӣ ба ин мусобиқа. Ман чун як варзишгар ҳар қадаре, ки тавонам вуҷудамро барои рушди варзиш мебахшам.

Озодӣ: Аммо дар баробари ин коратон ба варзиш -- камонварӣ ҳам машғул ҳастед? Ё аслан дур шудед дигар?

Наргис Набиева: Албатта, ман камонвариро хеле дӯст медорам, аммо ҳоло мақсади ман барои дар сатҳи баланди касбӣ баргузор кардани ин чорабинӣ аст. Муҳим нест, ки ман дар Федератсияи таэквандо ҳастам ё кадом федератсияи дигар, муҳим ин, ки ман дар варзиш ҳастам ва фикри онро дорам, ки як барномае аз ҷониби ҳукумат барои ҷалби духтарон ба варзиш қабул шавад. Барои онҳо ҳама шароите фароҳам оварда шавад, ки ба толорҳои варзишӣ дастрасӣ дошта бошанд. Ҳоло ба кадом толоре равед, маблағ металабанд, аммо на ҳама оилаҳо имкони ҳам дар мактаб хондан ва ҳам варзишгар кардани духтарони худро доранд. Ҳоло мо бояд сари оммавияти варзиш фикр кунем. Агар варзиш оммавӣ шавад, пас аз миёни 100 нафар як Зебуниссо Рустамова ва Мавзуна Чориева мебарояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG