Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти вазирони хориҷӣ дар Душанбе поён ёфт


Дар шаҳри Душанбе нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баргузор шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар оғози нишасти ҳайатҳои Тоҷикистону Чин, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистону Русия гуфт, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҳоло ҳам “имконоти истифоданашудае” дорад, ки метавонад барои тақвияти ҳамкориҳо, амният ва субот дар минтақа ба кор барад. Ҳайатҳо дар ин ҷаласа мубориза бар зидди терроризм, ҷудоихоҳӣ ва қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ карданд. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, дар нишасти сарони кишварҳои узв, ки моҳи сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, вазъи Украинаро баррасӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG