Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нашрияи «Коммерсант», ки шореҳаш Андрей Колесников аз пуштибонҳои сарсахти Кремл ва аз хабарнигорони маҳбуби Владимир Путин унвон мешавад, аз эҳтимоли тағйири сиёсати Маскав дар бӯҳрони Украина паём дод.

Бен Ҷудаҳ, муаллифи китоби «Империяи шикастпазир, Чӣ гуна Русия аз Владимир Путин рӯ тофт”, ахиран навишт, ки раисиҷумҳури Русия ба навиштаҳои Андрей Колесников таваҷҷуҳи вижа дорад ва онҳоро ҳамеша то охир ва бо мароқи зиёд мутолиа мекунад.

Андрей Колесников пайваста ҳамроҳи Владимир Путин сафар мекунад ва паёмҳои режимро ба оммаи кишвар мерасонад. Маҳз дар сӯҳбат бо ӯ соли 2010 ҳангоми сафар ба Шарқи Дур дар мошини «Лада»-и зард Путин ба имкони ширкаташ дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2012 ва саркӯбсозии нерӯҳои демократии Русия ишора карда буд. Ҳардуи ин ҳодисаҳо иттифоқ уфтоданд. Аз ин рӯ, бисёре аз таҳлилгарон навиштаи ахири Колесниковро, ки рӯзи 29 июл дар «Коммерсант» нашр шуд, паёми дигари Кремлин мехонанд. Андрей Колесников навиштааст, «агар ягон вақт маълум шавад, ки ҷудоихоҳон дар ин ҳодиса (суқути ҳавопаймоии Боинг-777) даст доранд, ин муносибати Путин ба онҳоро комилан тағйир хоҳад дод, ҳатто агар маълум шавад, ки онҳо ин иштибоҳро

тасодуфан содир кардаанд». Дар матлаб омадааст, Путин аз онҳое, ки дар марги кӯдакону мӯйсафедон гунаҳкоранд, ба ҳеҷ ваҷҳ пуштибонӣ нахоҳад кард. Таҳлилгарон бо ишора ба он нукта, ки Колесников ягон сатрро бидуни ҳадаф ва бидуни иҷозаи Кремл наменависад, ҳадс мезананд, ки Путин аз забони хабарнигор ба мардум дар бораи ногузир будани тағйири сиёсат дар Украина паём мефиристад.

Матлаби Андрей Колесников боиси интиқоди афроди миллатгаро дар матбуоти Русия шуд. Егор Холмогоров дар нашрияи «Взгляд» навишт, «мардуме, ки достони «Шоҳ Лир»-ро хондаанд, одатан фикр мекунанд, масхарабозон барои он заруранд, ки бо табассум ҳақиқатро ба шоҳ бигӯянд». Бисёр вақт ин дурӯғ аст. Андрей Колесников аз «Коммерсант», ҳамоне, ки «Путинро дидааст», бо ин дурӯғаш ҳатто миёни хабарнигороне, ки дар ҳар атса паёми Кремлро мебинанд, ҳангома барпо кард».

Ҳанӯз дар бораи паёми стратегӣ оиди тағйири сиёсат ё ҳазли масхарабоз будани ин матлаб қазоват кардан барвақт аст. Аммо ҷолиб он аст, ки матлаб дар "Коммерсант" ҳамзамон бо эълони таҳримҳои шадиди Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА алайҳи бахшҳои молия ва энерҷии Русия нашр шуд. Ва дар ҳоле, ки кишварҳои аврупоии қаблан пуштибони Маскав аз режими Путин фосила мегиранд ва ин фишори иловагӣ болои Кремл аст.

Ҳафтаи гузашта нашрияи олмонии "Der Spiegel" навишт, "52 дар сади олмониҳо гуфтаанд, ки ҳатто дар сурати коҳиши ҷойҳои зиёди кор дар кишвар аз таҳримҳои шадидтар алайҳи Русия пуштибонӣ мекунанд».

Евгения Албатс, муҳаррири маҷаллаи «Новое время» рӯзи 22 июл дар як матлаби пур аз эҳсос аз элитаи Русия хост, ки Путинро барои тағйири сиёсат дар Украина водор кунанд, дар акси ҳол бидуни кишвар хоҳанд монд. «То ҳол боре ҳам дар таърихи баъд аз шӯравияш Русия дар вазъи мудҳише чун вазъи феълӣ набуд. Имрӯз ҳама чиз - аз ҷанг то хунта дар Кремл мумкин шудааст», навиштааст хонум Албатс ва афзудааст, «атрофиёни чекист Путин ӯро на фақат вориди бунбаст карданд, балки кор карданд, ки ӯ дар таърих чун фарди то оринҷ дар хуни кӯдакон ғутида бимонад».

Аҷаб нест, ки ин ҳарфҳо ба гӯши нафаре аз мансабдорони аршади Кремл расиданд…

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG