Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ришвадиҳии мансабдорон баъд аз зангҳои телефонии... маҳбусон


Оҷонсии зидди фасод дар вилояти Суғд мегӯяд, чандин мавриди пул талаб кардани маҳбусон аз мансабдорон ва қонуншиканиҳои аъзои “Ҷамъияти умумироссиягии мубориза алайҳи фасод” бо суиистифода аз номи масъулони ниҳоди худро ошкор кардаанд.

Музаффар Аҳмадов, сардори Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯзи 31 - уми июл дар нишасти хабариаш дар ин бора гуфт, ки дар 6 моҳи аввали соли равон пул ситонидани чанд маҳбуси яке аз зиндонҳои Хуҷанд аз мансабдорони маҳаллии ниҳодҳои молиро ошкор кардаанд: “Масалан, аз маҳбас бо телефони мобилӣ занг мезанад ба сардори идораи андози ноҳияи Ашт. Худро бо ному насаби ман муаррифӣ мекунад, бо оҳанги баланд ва мегӯяд, ки мо амалиёт гузаронида истодаем ва ӯ бояд 1 ҳазор доллар ба намояндаи мо, ки наздаш меравад, диҳад. Хайр, бечора номи мақомота, ки мешунавад, ба ҳарос меояд ва розӣ мешавад. Ва пулро ба як таксист медиҳад.”

Ҷаноби Аҳмадов афзуд, он ки маҳбусон дар зиндон чӣ тавр ба телефони ҳамроҳ дастрасӣ пайдо кардаву рақамҳои мобили бархе масъулони бонку ниҳодҳои молиро пайдо кардаанд, ӯро дар ҳайрат афтодааст. Ба гуфтаи вай, Оҷонсии мазкур нисбат ба чанд маҳбуси “густох”, ки аз онҳо ном бурда нашуд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

“Ҷамъияти умумироссиягии алайҳи фасод” чӣ гуна созмонест? Масъулони Оҷонсии зидди фасод дар вилояти Суғд ҳамчунин аз мавриди дигари паси номи кормандони ин ниҳод панаҳ шудани сокинон ёдовар шуданд. Дилшод Зарифов, сардори шуъбаи пешгирии фасод дар ин Оҷонсӣ гуфт, бархе аз аъзои ин созмони ҷамъиятии русиягӣ бо суиистифода аз шаҳодатномаи ин созмон худро кормандони Оҷонсии мазкур муаррифӣ кардааанд. Ва вақти боздоштани милисаи роҳ тӣавассути шаҳодатноми ин созмон худро аз ҷарима раҳо кардан хостаанд ва ё пули хӯрок дар тафреҳгоҳи “Хваканта” напардохтаанд. “Мо ошкор кардем, ки ин нафар дар қайди ҷамъияти мазкур набудааст ва бо чӣ роҳу воситае шаҳодатномаи онро аз Русия дастрас кардааст. Чунки намояндагии ин созмони ҷамъиятии Русия дар Хуҷанд фақат 8 аъзо дорад ва мо бо онҳо ҳамкории чиз дорем.”

Оҷонсии зидди фасод дар вилояти Суғд бо “Ҷамъияти умумироссиягии алайҳи фасод” шартномаи ҳамкорӣ, вале тагнҳо дар самти “ҷилавгирӣ аз густариши фасод” доштааст.

XS
SM
MD
LG