Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Э. Раҳмон бо сардори ситоди артиши ИМА


Президент Раҳмон бо Ллойд Остин III, фармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои ИМА мулоқот кард.

Ба иттилои дафтари раёсатҷумҳурӣ дар ин мулоқот, ки рӯзи 31-уми июл дар қароргоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе баргузор шуд, ҷонибҳо масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар бахшҳои амнияту мудофиа ва таъмини суботи минтақавӣ баррасӣ карданд.

Дар ин мулоқот президент Раҳмон гуфт: «Тоҷикистон ҳамкории худро бо Амрико дар соҳаҳои мухталифи амниятӣ омили муҳими нигоҳдорӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақа медонад” ва ҳамчунин таъкид кардааст, ки “ҳамгироии ду кишвар дар мубориза бо хатару таҳдидҳои глобалӣ самарабахш аст”.

Ллойд Остин III дар ин мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтоҳои тоҷикаш доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои авзои Афғонистон, хусусан пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар ва идомаи дастгирӣ аз сохторҳои марбутаи Тоҷикистон барои таҳкими ҳифзи сарҳади тӯлонӣ бо ҳамсояи ҷанубии он гуфтугу кардааст.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба иштирок ва мусоидати Амрико дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии иқтисодию коммуникатсионӣ, ки ба густариши робитаҳои миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ва тавсиаи имконоти иқтисодӣ ва транзитии Афғонистон нигаронда шудаанд, табодули назар кардаанд.

XS
SM
MD
LG