Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари тоҷикро аз ҳаққи модарӣ маҳрум карданд


Додгоҳи шаҳри Турсунзода як сокини шаҳри Душанберо бо гуноҳи дуздӣ ба 3 соли зиндон маҳкум карда ва ӯро аз ҳуқуқи модарӣ ба се фарзанд маҳрум намудааст. Дар баёнияи катбии додгоҳ, ки ҳамин ҳафта нашр шуд, омадааст, Инобат Дадаҷонова, модари 6 фарзанд, ба дуздӣ ва тасарруфи амволи ғайр гунаҳкор дониста шуд ва ба ӯ “ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ ба мӯҳлати 3 сол бо адо кардани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш умумӣ таъйин карданд.” Ба гуфтаи додгоҳ, Инобат Дадаҷонова, аз манзили истиқоматии як сокини ноҳияи Турсунзода, 3597 сомонӣ, тилловорӣ ва як «Айфон»-ро дуздида, маблағи аз ин ҳисоб ба даст овардаашро ба манфиатҳои шахсиаш сарф кардааст. Додгоҳ гуфтааст, ки Инобат Дадаҷонова дар гузашта ҳам чаҳор бор ҷиноят кардааст, вале бар асоси қонуни авф гуноҳҳояшро бахшидаанд. Дар баёнияи додгоҳи Турсунзода омадааст, ҳамин тавр, ин маротиба, Дадаҷонова Инобат “на танҳо аз озодӣ, инчунин, аз шарафи модарӣ ба кўдакони ноболиғаш низ маҳрум гардид.”

XS
SM
MD
LG