Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил 16000 сарбози эҳтиётиро ба артиш хонд


Давлати Исроил барои тақвияти амалиёташ дар Навори Ғазза 16 000 сарбози эҳтиётии дигарро ба сафи артиш даъват кард. Баъди шурӯъи ин амалиёт дар рӯзи 8-уми июл, Исроил то кунун 86 ҳазор сарбози эҳтиётиро дар артиш басиҷ кардааст. Ҳукумати Тел Авив мегӯяд, ки ҳадафи амалиёт хотима додан ба мушакандозиҳои тундравони созмони Ҳамос ба қаламрави Исроил аст. Аз оғози ин амалиёту ҷанг байни ду тараф 1300 фаластинӣ ва 56 сарбозу се ғайринизомии исроилӣ кушта шудаанд. Танҳо дар рӯзи 30-уми июл бар асари бомбборони Исроил 100 фаластинӣ аз ҷумла 16 нафар дар як мактаби Созмони Милал кушта шуданд. Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал ин ҳамлаи Исроилро “ошуфтакунанда” ва “ноҳақ” хонд. Артиши Исроил мегӯяд, онҳо ба тирандозӣ аз наздикии ҳамин паноҳгоҳ посух додаанд.

XS
SM
MD
LG