Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия иддаои Амрикоро "бепоя" хонд


Давлати Русия мегӯяд, иддаои Амрико дар бораи нақзи Аҳдномаи манъи озмоиши мушакҳои миёнапарвози атомӣ аз тарафи Русия “бепоя” аст. Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи 30-уми июл бо нашри як баёнияи катбӣ гуфт, иддаои Амрико мисли тамоми дигар иддаоҳои ахираш беасос аст ва “ҳеҷ далели собит” дар заминаи ин иддао оварда нашудааст. Ҳукумати Амрико рӯзи 28-уми июл гуфт, ки озмоиши як мушаки миёнапарвози атомӣ аз тарафи Русия мухолифи аҳдномаест, ки Роналд Рейган, раиси ҷумҳури собиқи Иёлоти Муттаҳида ва Михайил Горбачев, раҳбари шӯравии собиқ соли 1987 имзо карданд. Бар асоси ин аҳднома, ду кишвар бояд тамоми мушакҳои атомии қодир ба парвоз дар масофаи 500 то 5 ҳазор километрро нобуд кунанд. Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ин кишвар ҳам ба Амрико дар бораи тавлиди “ҳавопаймоҳои бесарнишини мусаллаҳ ва “мушакҳои заминиаш” суолҳое дорад.

XS
SM
MD
LG