Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади мусофирон дар маҳалли суқут мондааст


Ҷулия Бишоп, вазири умури хориҷии Австралия мегӯяд, мумкин аст, то 80 ҷасади мусофирони ҳавопаймои Малайзия дар маҳалли фалокат монда бошанд. Ҷулия Бишоп, рӯзи 31-уми июл дар шаҳри Киев ба хабарнигорони кишвараш гуфт, ҳукумати Украина ба мутахассисони Австралия ва Ҳолланд, ки барои таҳқиқи фалокат ба Украина рафтаанд, "ба ҳадде, ки метавонад кӯмак мекунад", аммо ҷанг дар наздикии маҳалли ҳодиса монеъи таҳқиқ мешавад. Ӯ афзуд, мумкин аст, “Русия фаъолона ҷараёни таҳқиқро ба хатар меандозад.” Гурӯҳи байналмилалии мутахассисон чаҳор дафъа хостанд, ки аз шаҳри Донетск ба маҳалли суқути ҳавопаймои Малайзия бираванд, аммо ба сабаби ҷанг миёни нерӯҳои давлатии Украина ва ҷудоихоҳони тарафдори Русия аз нимароҳ баргаштанд. Нерӯҳои Украина бахше аз маҳалҳои наздик ба ҷойи суқути ҳавопаймои МН 17-ро таҳти назорат доранд, ки рӯзи 17-уми июл бо 298 мусофираш суқут кард. Гуфта мешавад, ки ин ҳавопайморо ҷудоихоҳони тарафдори Русия сарнагун карданд.

XS
SM
MD
LG