Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи ҷиноии 135 корманди ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон


Тибқи иттилои додситонии кулли Тоҷикистон дар нимсолаи нахусти соли ҷорӣ127 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 135 корманди ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ оғоз шудааст.

Салимзода Шерхони Одина, рӯзи панҷшанбеи 31 июл зимни натиҷагирии фаъолияти ин ниҳод дар нимсолаи нахусти соли ҷорӣ гуфт, " аз ҷумлаи парвандаҳои боз шуда алайҳи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ 59 парванда нисбати 63 нафар барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода шудааст."

Ба иттилои ҷаноби Салимзода, дар ин давра, 13 ҳазору 859 нафар ба ҷавобагарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шудааст.

Ҳамчунин додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки дар шаш мои аввали соли ҷорӣ 10 муроҷиату хабар ва маълумот дар бораи шиканҷа ва истифодаи дигар намуди зуроварӣ ва хушунат ба додситонии кул ворид шудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки ин рақмм дар ҳамин давраи соли гузашта 17 ададро ташкид додааст.

XS
SM
MD
LG