Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия гуфтааст, таҳримҳои бесобиқаи ғарб дар бахшҳои молӣ, аслиҳа ва бахши энержӣ барои бӯҳрони Украина ба Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо зарар хоҳад расонд. Таҳримҳое, ки 29 июл эълон шуд, шадидтарин таҳримҳост, ки Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо бар зидди Русия барои ҷонибдориаш аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украина ҷорӣ кардаанд.

Вазорати корҳои хориҷаи Русия 30 июл таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупоро “бемаънӣ ва иқдоми ғайримасъулона” арзёбӣ кард ва гуфт, ин таҳримҳо ногузир ба боло рафтани нархи маводи сӯхт дар Аврупо сабаб хоҳад шуд.

Субҳи 30 июл вазорати корҳои хориҷаи Русия ба Вашингтон аз “маҳрумиятҳо” ҳушдор дод ва таҳримҳоро “иқдомоти харобиовар ва кӯтоҳандешона” арзёбӣ кард.

Бонки Марказии Русия гуфт, ки барои ҳимоят аз ниҳодҳои ҳадаф қарор гирифта “тадбирҳои муносиб” хоҳад андешид.

XS
SM
MD
LG