Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба таҳримҳои Ғарб вокуниш нишон дод


Русия аз таҳримҳои бесобиқаи Ғарб интиқод кард. Ин таҳримҳо бахшҳои молӣ, аслиҳа ва бахшҳои энержиро дар бар мегирад ва барои бӯҳрони Украина бар зидди Русия ҷорӣ шудааст. Таҳримҳое, ки 29 июл эълон шуд, шадидтарин таҳримҳоест, ки Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо бар зидди Русия барои ҷонибдориаш аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украина ҷорӣ кардаанд.

Владимир Чизов-фиристодаи Русия барои Иттиҳодияи Аврупо 30 июл гуфт, ки таҳримҳои нав ба ҷое намерасад ва ба ҳали бӯҳрони Украина кӯмак намекунад.

Бонки Марказии Русия гуфт, ки барои ҳимоят аз ниҳодҳои ҳадаф қарор гирифта “тадбирҳои муносиб” хоҳад андешид. Ба ин ниҳодҳо VTB-дуввумин бонки бузурги кишвар низ дохил мешавад. VTB ин таҳримҳоро дорои “ангезаи сиёсӣ” номид ва гуфт, ки берун аз бозорҳои Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо қарз хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG