Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Назархоҳӣ дар бораи суқути ҳавопаймои Малайзия


Бар асоси як назарпурсӣ дар Русия, аксари сокинони шаҳрҳои бузурги ин кишвар бар ин боваранд, ки ҳавопаймои мусофирбари Малайзияро, ки бо 298 мусофир дар шарқи Украина 17 июл суқут кард, артиши Украина задааст.

Ин назарпурсиро дар шаш шаҳри бузурги Русия маркази Левада анҷом додааст. Аз 1050 нафар назардиҳандагон 46 дарсад гуфтаанд, ки ин ҳавопаймо бо мушаки Украина аз замин зада шудааст. 36 дарсади дигар бар ин ақидаанд, ки ҳавопаймои Малайзияро ҳавопаймои низомии Украина задааст.

Танҳо 3 дарсади назардиҳандагон гуфтаанд, ки ин ҳавопайморо ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украина суқут додаанд.

XS
SM
MD
LG