Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саодатшо Адолатов 5 сол маҳкум ба зиндон шуд


Саодатшо Адолатов
Саодатшо Адолатов

Додгоҳи ноҳияи Ванҷ Саодатшо Адолатов-раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Бадахшонро ба панҷ соли ҳабс маҳкум кард. Вайро барои барангехтани адовати динӣ гунаҳкор медонанд ва барои ин ҷурм ба вай 5 соли зиндон доданд.

Баъд аз эълони ҳукм даҳҳо нафар нимирӯзии 30 июл дар назди додгоҳ ҷамъ омаданд ва баррасии одилонаи парвандаи ӯро талаб карданд.

Завқибек Раҳмонов-раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ванҷ 30 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додситонӣ дар оғоз барои Саодатшо 8 соли маҳрумият аз озодиро талаб карда буд.

XS
SM
MD
LG