Пайвандҳои дастрасӣ

Нишони биринҷии варзишгари тоҷик Искандари Рустам


Варзишгари маъруфи тоҷик Искандари Рустам рӯзҳои 25-27 июл дар мусобиқаи бози байналмиллалӣ оид ба гуштини тарзи озод ба номи Динмуҳаммад Кунаев дар шаҳри Тарози Қазоқистон иштирок карда, соҳиби медали биринҷӣ гардид. Искандар ки дар вазни 97 кг қувваозмоӣ мекунад, ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқот буд. Дар сабқат барои медали биринҷӣ Искандар бар варзишгари шинохтаи қазоқ Жумагалӣ Мамутов бо ҳисоби гарони 11:0 пирӯз гардид. Ёдовар мешавем, ки Искандари Рустам иштирокчии бозиҳои Олимпии Лондон - 2012 буда, се раҳ ҷоизадори Чемпионати Осиё (2 медали нуқра ва 1 биринҷӣ) мебошад.

XS
SM
MD
LG