Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи ноҳияи Ванҷ раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Бадахшон Саодатшо Адолатовро ба панҷ соли ҳабс маҳкум кард.

Ҳукми Додгоҳи ноҳияи Ванҷ, ки раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар Бадахшон Саодатшоҳ Адолатовро ба ангехтани адовати динӣ гунаҳкор ва ба 5 соли зиндон сазовор донист, эътирози наздикон ва тарафдорони ӯро ба миён овард. Даҳҳо нафар нимирӯзии 30 июл дар назди додгоҳ ҷамъ омаданд ва баррасии одилонаи парвандаи ӯро талаб карданд.

Завқибек Раҳмонов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ванҷ рӯзи 30 июл бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳ баъд аз шунидани суханронии айбдоркунандаи давлатӣ, ки барои муҷозоти Саодатшо Адолатов 8 соли маҳрмият аз озодиро талаб кард, дар нимаи дуввуми ҳамин рӯз ҳукми худро содир кард ва ӯро 5 сол дод.

Саодатшоҳ Адолатов бо аломатҳои ҷиноятӣ бар асои моддаи 189-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо ҷурми «барангехтани кинаву адовати динӣ", инчунин "тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин" айбдор дониста мешавад.

Саодатшоҳ Адолатов, раҳбари собиқи созмони ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар вилояти Бадахшон рӯзи 14-уми апрел аз сӯи маъмурони амниятӣ боздошт шуд. "Ховар" -- хабаргузории давлатии Тоҷикистон рӯзи 15 апрел хабар дод, ки Саодатшоҳ Адолатов аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амниятии миллӣ дар ноҳияи Ванҷ бо гумони барангехтани кинаю адовати динӣ миёни ҳамдеҳагонаш боздошт шудааст. Боздошти Адолатов бар асоси шикояти 30 нафар аз сокинони деҳаҳои Мотравн ва Вразни ҷамоати Язгулом ба мақомоти зирабт сурат гирифтааст. Ҳамчунин наздик ба як моҳ пеш аз боздошти ӯ дар нашрияи расмии Тоҷикистон -- "Ҷумҳурият" дар борааш мақолаи танқидие ба нашр расида, дар он Адолатов ба ҳамкорӣ бо яке аз раҳбарони Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон Ҷумъаи Намангонӣ муттаҳам мешуд.

Саодатшоҳ Адолатов дар моҳи августи соли 2013 раҳбари бахши ҲНИТ дар Бадахшон интихоб шуд. То ӯ ин бахшро Муслима Броимшоева ва пештар Сабзаалӣ Ризоев сарварӣ мекарданд. Ризоев дар ҷараёни амалиёти ҳарбӣ дар Хоруғ дар моҳи июли соли 2012 кушта шуд ва мақомот то ҳанӯз омилони куштори ӯро ошкор ва муҷозот накардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG