Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ворид шудани 86 вожаи лотинӣ ва инглисӣ ба забони тоҷикӣ


Тибқи иттилои масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар ду соли ахир 86 вожаи лотинӣ ва инглисӣ ба забони тоҷикӣ ворид шудааст.

Гавҳар Шарофзода, раиси ин кумита рӯзи чоршанбеи 30 июл зимни нишасати матбуотӣ гуфт, ки "ин вожаҳо бо гузаштан ба низоми таҳсилоти кредитӣ дар донишгоҳҳои кишвар ба фонди луғавии забони тоҷикӣ ворид шудаанд."

Вай аз вожаҳое назири силабус, рейтинг, тест ва ғайра ном бурд, ки калимаҳои лотинӣ ва инглисӣ буда, ифода кардани онҳо бо як вожа дар забони тоҷикӣ мушкил аст.

Хонум Шарофзода, номи мақомоту идораҳо, аз қабили прокуратура, суд, агнетии коррупсия танҳо дар он сурат иваз кардан мумкин аст, ки ба Қонуни Асосоии Тоҷикистон ислоҳот ворид гардад.

Зеро ба гуфтаи хонум Шарофзода, калимаҳои суд ва прокуратура дар Қонуни Асосии Тоҷикистон ба ҳамин шакл зикр шудаанд.

Ба ин далел кумитаи забон ва ислоҳот ба порлумон пешниҳод кардааст, то ҷиҳати иваз кардани ин вожаҳо ба забони тоҷикӣ иқдом кунад.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар маврид имваз кардани номи шаҳрвандон, ба зусус афроди мансбадор гуфт, ки " иваз кардани ном ихтиёрист ва ҳар кас мехоҳад номашро аз шакли номгузории русӣ ба тоҷикӣ иваз хоҳад кард."

Гавҳар Шарофзода, дар бораи номи ширкатҳову муассисаҳои тафреҳиву дилхушӣ ва истироҳатӣ гуфт, ки "муттаассифона ин ширкату муассисаҳо дар кумитаи андоз сабт мешаванд ва хатои забониву имлоӣ маҳз дар ин ниҳод сурат мегирад."

Ба ин далел хонум Шарофзода гуфт, ки Кумитаи забон ва истилоҳот ба Кумитаи андлоз нома фиристода хостааст, то бидуни хулосаи кумитаи забон ширкату корхонаҳоро сабти ном накунанд.

XS
SM
MD
LG