Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исломиҳо пойгоҳи низомиро дар Бенғозӣ ғасб карданд


Фурудгоҳи Троблус
Фурудгоҳи Троблус

Мақомоти низомии Либия мегӯянд, ки гурӯҳҳои исломӣ пойгоҳи махсуси нируҳои артишро дар Бенғозӣ баъд аз чанд рӯзи даргириҳо ба тасарруфи худ даровардаанд. Эътилофи исломиву ҷиҳодӣ эълон кард, ки ин пойгоҳи низомиро дар шарқи Либия 29 июл ба тасаррфи худ даровардааст.

Дар пойтахти Либия дар Троблус даргириҳо дар фурудгоҳ идома дошт. Дар он ҷо рӯзи севвум сӯхтор дар як амбори маводи сӯхт идома дорад.

Дар давоми ду ҳафтаи охир дар даргириҳо дар наздикии фурудгоҳ бештар аз 100 нафар кушта шудаанд. Вазъи ноором Фаронсаву Португалия ва Канадаву Булғорияро водор кардааст, ки сафоратҳои худро бибанданд ва шаҳрвандонашонро аз Либия 29 июл фаро хонанд.

Ҳамзамон нируҳои дарёӣ гуфтаанд, ки дастикам 20 муҳоҷир ба ҳалокат расидаанд ва даҳҳо нафар дар садкилометрии соҳили Либия ғарқ ва бедарак шудаанд.

XS
SM
MD
LG