Пайвандҳои дастрасӣ

Беларус мизбони музокироти Украинаву Русия хоҳад буд


Петро Порошенко

Петро Порошенко

Беларус мегӯяд, ки мизбонии музокироти Украинаву Русия ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупоро роҷеъ ба бӯҳрони шарқи Украина бар уҳда хоҳад дошт.

30 июл дафтари Александр Лукашенко-раиси ҷумҳурии Беларус гуфт, ки 29 июл Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина телефонӣ хостааст, ки Беларус мизбонии музокирот дар бораи амнияти дастрасӣ ба маҳали суқути ҳавопаймои Малайзия дар шарқи Украинаро бар дӯш бигирад.

Дар натиҷаи даргириҳо 29 июл намояндагони САҲА ва созмонҳои ҳуқуқи башар 3 рӯз пай дар пай натавонистаанд ба маҳали суқут роҳ ёбанд.

Порошенко ҳамчунин мехоҳад масъалаи раҳоии гаравгононро баррасӣ кунад. Киев мегӯяд, ки онҳо дар дасти ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украина нигаҳдорӣ мешаванд.

Рӯзи оғози музокирот номаълум боқӣ мондааст. Интизор меравад, ки дар ин музокирот сафири Русия дар Киев Михаил Зубаров ва Леонид Кучма-раиси ҷумҳури пешини Украина ширкат ҷӯянд.

XS
SM
MD
LG