Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои бештари Амрико бар зидди Русия


Барак Обама
Барак Обама

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико бар зидди Русия барои ҷонибдориаш аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украина таҳримҳоро бештар кардааст. Обама дар Кохи Сафед гуфт, имрӯз Амрико гуфтаи худро ёдоварӣ мекунад, ки маҳофили байналмиллалиро дар роҳи расидан ба ҳуқуқ ва озодиҳои мардумӣ дар саросари ҷаҳон раҳнамоӣ мекунад.

Таҳримҳои Амрико баъд аз таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо эълон шуд. Аврупо бар зидди шахсиятҳо ва ширкатҳои Русия дар нимаи аввали 29 июл таҳримҳои густардаи иқтисодӣ ҷорӣ кард. Дар Иттиҳодияи Аврупо 28 кишвар узвият доранд.

Обама гуфт, як ҷо бо Аврупо ин таҳримҳо таъсири бештар хоҳад дошт. Вазорати молияи Амрико афзуд, дар феҳристи таҳримҳои соҳавӣ 3 бонк ва як ширкати киштисозии Русия ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG