Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши тавлиди алюминий дар Тоҷикистон


Истеҳсоли алюминий дар шаш моҳи соли ҷорӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 46 дарсад кам шудааст. Неъматҷон Бӯриев, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рӯзи 30-юми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳукумат барои коҳиш ёфтани алюминий нигарон аст ва барои дастгирии ин корхонаи ҳамаи имкониятҳоро роҳандозӣ мекунад. Ба гуфтаи ҷаноби Бӯриев, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ширкати «Талко» - бузургтарин корхонаи алюминий дар Осиёи Марказӣ, наздики 64 ҳазор тонна алюминий истеҳсол кардааст.

Ба гуфтаи масъулони вазорати рушди иқтисод ва савдо, ҳукумати кишвар барои дастгирии ин корхона ҳам кӯмаки молӣ ва ҳам барои хариди техникаи нав кӯмак хоҳад кард. Яке аз сабабҳои кам шудани истеҳсоли алюминий дар ин давра ин коҳиш ёфтани нархи ин маҳсулот дар ҷаҳон ва ҳам кӯҳна шудани дастгоҳҳои ин корхона унвон мешавад.

Қаблан ҳам мақомот гуфта буданд, ки раиси ҷумҳур барои дастгирии ин корхона супориш додааст. ТАЛКО бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон буда, солона беш аз 300 000 тонна алюминий тавлид ва аз ҳисоби фурӯши он нисфи содироти кишварро таъмин мекунад.

Вале мунтақидон мегӯянд, фоидаҳои тиҷорати алюминий дар дасти ҳалқаҳои наздик ба раҳбарони аввали Тоҷикистон мунсаҷим шудааст ва бо онки ин корхона нирӯи барқро бидуни мамониат ва бо нархи ба маротиб аз дигар корхонаҳо ва ҳатто аз аҳолӣ арзонтар дарёфт мекунад, саҳмаш дар пур кардани буҷа дигар ҳатто ба масобаи як ширкати телефонҳои мобил нест.

XS
SM
MD
LG