Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни беҳтарин видеоҳо барои Радиои Озодӣ идома дорад


Даҳҳо нафар аз хонандагони торнамои "Озодӣ" наворҳои худро ба озмуни беҳтарин видео дар мавзӯи озод фиристодаанд.

Тавре хабар дода будем, Радиои Озодӣ барои беҳтарин наворҳои видеоӣ озмун эълон кардааст. Бино бар натиҷаҳои он се видеои беҳтарин бо ҷоизаҳои пурқимат қадрдонӣ хоҳанд шуд. Аммо наворҳое, ки фиристода мешаванд, ҳатто агар бо телефони ҳамроҳ низ наворбардорӣ шуда бошанд ҳам, бояд кайфияти кофӣ дошта бошанд ва ҳамзамон дорои маънӣ ва мазмуни муайян бошанд.

Ҳар ҳодисаи ҷолибе, ки шоҳид шудед, мусоҳиба бо ягон нафар, ҳатто сӯҳбати ширини як кӯдакро метавонед рӯи навор биоред ва ба ин озмун бифиристед.

Дар интихоби мавзӯи видео ягон маҳдудият гузошта намешавад. Аммо видеоҳое, ки мефиристед, бояд ҳатман мавзӯъ ва сюжете дошта бошанд. Тӯли видеоҳо аз 3 дақиқа бештар набошад.

Ҷоизаи аввал – Планшети SAMSUNG
Ҷоизаи дувум – Смартфони SAMSUNG
Ҷоизаи сеюм – дастгоҳи аксбардорӣ

Видеоҳои худро аз тариқи “Саҳифаи хонандагон”-и сомонаи Озодӣ бифиристед ваё ба дафтари Радиои Озодӣ дар пойтахти Тоҷикистон ба нишонии: шаҳри Душанбе, кӯчаи Сафаралӣ Раҷабов (собиқ Интернатсионалная), 85/34 бирасонед.

Дар озмуни Озодӣ ширкат кунед ва ҷоизаи худро ба даст биоред.

Видеоҳои расида дар ҳамин сафҳа ба нашр хоҳанд расид.

XS
SM
MD
LG